Хӯни помол буд шабнами гулзори ватан

Даҳани гург буд рахнаи девори ватан

Ин замон панҷа шераст ба хунрезии ман

Хорхорӣ ки ба дил буд зи гулзори ватан

Сабза дар зери сари санг тараққӣ накунад

Қадамии пеш на аз сояи девори ватан

Аввал аз гавҳари ман оби тароват май рехт

Хӯнам афсурда шуд аз сардии бозори ватан

намезанад дидаи ғурбат ба ҳавояти пару бол

Чанд чун коҳи диҳии пушт ба девори ватан ?

Ба азизони ватан , Юсуфи худро мафруш

Ки зари қалб буд нақди харидори ватан

Пери канъон на ғалати бохт ки бенишро бохт

Вокнд чанд касе чашм ба дидори ватан ?

Синаи хеш ба равшангар ғурбат бирасон

То ба кӣ сабр кунӣ дар таҳи зангори ватан ?

Дар сафари меҳнат чаҳ зуд ба сар ме ояд

Ҳамаи умр ба чоҳаст гирифтори ватан

Серумаи чашм буд хоки ғарибии соиб

Ҳамчуи кӯрон чаҳ кашии даст ба девори ватан ?