Ғунча аз бода нагардад гули хамёзаи ман

Чашми махмур буд риштаи шерозаи ман

На з зуҳдаст агар лаб нагузорам ба шароб

Соғарӣ нест дарин базм ба андозаи ман

Аз кавокиб нашавад дафъи хуморам чун субҳ

Ратл хуршед кунад чораи хамёзаи ман

Чун шавад гарми сафари калаки сухани пардозам

Нарасад барқи сбксир ба ҷмозаҳи ман

Суханоне ки азон тоза шудӣ ҷони куҳан

Гашти тақвими куҳан аз сухани тозаи ман

Гарчи зи оҳистагии овози маро кас нишнид

Гӯш то гӯши ҷаҳон пар шуд аз овозаи ман

Номарогар чаман хулд кунад нест аҷаб

Сабз шуд хомаи хушк аз сухани тозаи ман

Шавад аз бе хабарии ҷамъи ҳавосами соиб

Хати паймона буд риштаи шерозаи ман