Ман ки бихўд шудам аз май , чаҳ кунад соз ба ман ?

Дар чунин вақт куҷо мерасад овоз ба ман ?

Буд бар тоқи адами ҳуққаи фирӯзаи чарх

Ишқи он рӯз ки вокрди сари роз ба ман

То раҳи ноқаи Лайлӣ ба биёбон афтод

Ҳар сари хор ҷудогона кунад ноз ба ман

Ҳаст дар бе хабарии маслиҳат чанд маро

Варна аз рафтан дил мерасад овоз ба ман

Юсуф он нест ки гардад ба харидори гарон

Ман на онам ки маро ишқ диҳад боз ба ман

Шҳпри барқи зи ҳамроҳии ман сӯхта аст

Кист имрӯз кунад даъвии парвоз ба ман ?

Чаҳ хаёласт ки дар бода кунад кӯтоҳӣ ?

Дод он кас ки дили майкадаи пардоз ба ман

Сайди ман гарчи заъифаст , вале аз даҳшат

Ғунча гардад чу расад чнгли шаҳбоз ба ман

Шарм ишқаст марои монеъи ҷуръати соиб

Варна дилдор маҳол аст кунад ноз ба ман