Хори ғам аз дили ушшоқ кам ояд берун
Чун азин шъаҳи ситони хор ғам ояд берун ?
Ҷавҳар аз теғи баради синаи гармӣ ки марост
Моҳӣ аз қулзуми мо бедирам ояд берун
Сидқ дар сина ҳар кас ки чароғи афрӯзад
Аз даҳонаш нафас субҳдам ояд берун
Бар сияҳи бахтии арбоб сухан ме гиряд
Нолае каз дили чок қалам ояд берун
Зинда шуд олимӣ аз хандаи ҷонпарвар ӯ
Ки гумон дошт вуҷӯд аз адам ояд берун ?
Рӯй агар дар ҳарам каъба кунад ғамза ӯ
Сайд бо теғу кафан аз ҳарам ояд берун
Синаи чок , раҳи қофила ғам бӯда аст
Дили мо хуш ки азин рахна ғам ояд берун
Дар канъони нгшоинд ба рӯйиши ихвон
Юсуф аз Миср агар бедирам ояд берун
Ҳирси доим чу саги ҳарзаи мирс дар сафараст
Сабр ширӣаст ки аз беша кам ояд берун
Боддстони гиреҳ аз кӣсаи кони нгшоинд
Зар чу гул аз кафи аҳл карам ояд берун
Соиби он шӯх ба хӯбӣ шавад ангушти намо
Чун маи нав агар аз хона кам ояд берун