Рози ишқ аз дил ғамнок наёяд берун
Донаи сӯхта аз хок наёяд берун
Лафзи печида ба занҷир кашад маънӣ ро
Дил азон турра пичок наёяд берун
Панҷаи заъфи танумандӣ дигар дорад
Барқ аз ӯҳда хошок наёяд берун
Аз пару боли ҳино баста наёяд парвоз
Нигаҳ аз дида намнок наёяд берун
Чок дар синаи гардуни натавонади андохт
Нолае каз дили сад чок наёяд берун
Гар бидонад ки чаҳ шӯраст дарин олами хок
Киштӣ аз баҳр хатарнок наёяд берун
Гар диҳад барқи фанои хирмани хуршед ба бод
Оҳ аз сина афлок наёяд берун
То ту аз хӯни шафақ чеҳра нашаве чун субҳ
Соиб аз дили нафас пок наёяд берун