Ғам ба ашк аз дил ғамнок наёяд берун
Ба грстни гиреҳ аз ток наёяд берун
Аз кафи содаи ойӣна бурун омад мӯӣ
Донаи мост ки аз хок наёяд берун
Реша дар мағзи иҷобати натавонад кардан
Нолае каз дили сад чок наёяд берун
Нест андешаи маҳшари дили сўдоздаҳ ро
Донаи сӯхта аз хок наёяд берун
Нест мумкин ки пар ва бол тавонад во кард
То дил аз байза афлок наёяд берун
Оташи зулм ба як чашм задан ме мерад
Барқ аз бута хошок наёяд берун
Ншأаҳи бодаи гулранг ба тахтаст мудом
Давлат аз силсила ток наёяд берун
( ҳеҷ бсмл накушуд сар ба гиребони адам
Ки азон ҳалқа фитрок наёяд берун )
Кашиши ишқи шарор аз ҷигар санг кашад
Оҳ чун аз дил ғамнок наёяд берун ?
( зоҳид аз парвариши зуҳди риёе аҷаб аст
Агар аз хоки ту мисвок наёяд берун )
( дасти байъат ба хазони Фл баҳорон додам )
Ба сбкдстии ман ток наёяд берун )
( назари тарбияти даҳр алоҷаш накунад
Ҳар ки аз бутаи дил , пок наёяд берун )
( сухани соиб агар бугзарад аз арши баланд
Офарин аз лаб идрок наёяд берун )