намешавад сухани рост дар даҳони пинҳон
Ки тирро накунад хонаи камони пинҳон
Ба дили мсози ниҳони ишқро ки мумкин нест
Ки ма шавад ба саропардаи каттони пинҳон
намекунам ҳаваси тӯли умр , то шуд Хизр
зи шарми зиндагӣ аз чашми мардумони пинҳон
Ба об Хизр насозам сияҳи назар , то ҳаст
Ақиқи сабри маро дар таҳи забони пинҳон
Мубин ба чашми ҳақорати шикастаи ренегон ро
Ки ҳаст турфаи баҳории дарин хазони пинҳон
Ҳуҷум халқ нагардад ҳиҷоб ҳастӣ ҳақ
зи касрати рама кӣ мешавад шубони пинҳон ?
Бурун меар зи дил зинҳор решаи ғам
Ки хандаҳост дарин шохи заъфарони пинҳон
Ҳиҷоби мисра барҷаста нест тӯли ғазал
Куҷо ба зулф шавад мӯии он миёни пинҳон ?
Ҳиҷоби он тани симини либос кӣ гардад
Туро ки мағз набошад дар устихони пинҳон
Чу офтоби з халқаст нури ҳақи зоҳир
Чигуна Юсуф гардад ба корвони пинҳон ?
Фурӯғи шамъи марои ломакон иҳота накард
Маро чигуна кунад тоси осмони пинҳон ?
зи шарми нолаи ман ҷумлаи булбулони соиб
Шуданд дар хасу хошоки ошёни пинҳон