Сухани зи меҳру вафо бо ту бе вафои гуфтан
Буд ба гӯши гарони ҳарф бе садои гуфтан
На ончунон ту ба бегонагии баромада Эй
Ки дар либоси тавон ҳарфи ошнои гуфтан
Ба дод ман барис эй кофари хдонотрс
Ки монда шуд нафасам аз худои худои гуфтан
Тараҳҳумаст бар он бе забони базми висол
Ки як сухани натавонад ба муддаои гуфтан
Шикоятӣ ки зи гуфтани яке ҳазор шавад
Ҳазор бор ба аз гуфтанаст нои гуфтан
Тасаллӣ аз ду лабаш чун шавам ба як дашном ?
Ки талх , қанд мукаррар шавад зи вои гуфтан
Дил гирифта шавад боз аз ҳавохоҳон
Хушаст ғунчаи сифати роз бо сабои гуфтан
Паноҳи гир ба дороломони хомӯшӣ
Туро ки нест муяссари сухани баҷои гуфтан
Чаҳ ҳоҷатаст ба иҷмоъ , ҷӯади холисро ?
Барои ном буд халқро салои гуфтан
Ба шишаи хона умр худаст санг задан
зи мумсикии сухани сахт бо гадои гуфтан
Азон шикаста шавад нафас вазин шавад мағрур
Ҳиҷои халқ буд беҳтар аз санои гуфтан
Чигуна нисбати дарвеш ба ма кунам соиб ?
Марои забон чу нагардад ба носазои гуфтан