Хушаст машқи қаноати зи бӯрё кардан
Ба хоб , махмал бедардро раҳо кардан
Дарин риёз , саранҷом бол парвозаст
Чу ғунчаи перҳани хешро қабо кардан
Чаҳ уқда во кунад аз дили ҷаҳони пасти маро ?
Гиреҳ ба нохуни по мушкиласт во кардан
Ба кеши роҳи шиносон , нарафтанаст савоб
Ба он раҳе ки тавон рӯй бар қафо кардан
Дар он мақом ки дарё каф оварад бар лаб
Сбксрӣаст тазаллум ба нохудо кардан
Ба таҳтаи пораи таслими хешро бирасон
Ки мушкиласт дарин баҳри ошно кардан
Чунин ки гирд алойиқ турост домангир
Сафари з худ натавонӣ ба ҳеҷ ҷо кардан
Чунон ба хонаи фурӯи рафтае ки мумкин нест
Турои зи хонаи худ чун камони ҷудо кардан
зи қайд муҳкам ҳастӣ куҷои буруни ое ?
Туро ки банди қабо мушкиласт во кардан
наме тавон зи дил ман кашид пайкон ро
Ки мушкиласт ду дилро зи ҳам ҷудо кардан
Вабол туаст дарин гулхани ончӣ хоҳӣ кард
Ба ғайри оинаи хеш бо сафо кардан
Хушам ба сӯхтагиҳо ки кардааст маро
Чу тухми сӯхтаи фориғи зи Асия кардан
Ба ҷӯии шер тавваҷуҳ намекунад ошиқ
Ба устихон натавон сайди ин ҳумо кардан
Назар ба серумаи мардум сияҳ макун соиб
Ба гиря то битавон дидаро ҷило кардан