Хаҷали зи кӯшиши тадбир боядам бӯдан
Асири панҷаи тақдир боядам бӯдан
Шикасти ҷавҳари дилро зиёда ме созад
Чаро зи ҳодаи дилгир боядам бӯдан ?
з ҷустуҷӯ нашавад ҷузи ғубори дили ҳосил
Чу нақши пой , замини гир боядам бӯдан
Замони муҳлати даври сипеҳр чандон нест
Ки рӯзу шаб бетаъмир боядам бӯдан
Ба ҳеҷ силсилаи маҷнӯн ман наме созад
зи печу тоб ба занҷир боядам бӯдан
Дарин замона ки кирдор , маҳз гуфтораст
Хамӯш чун лаби шамшер боядам бӯдан
Ба хомшии даҳуми илзоми ҳмншинон ро
Агар ба маҷлиси тасвир боядам бӯдан
Ба хоби ғифлат агар умр бугзарад зон ба
Ки дар кашокаши таъбир боядам бӯдан
Нашуд кушодаи дилӣ аз навой ман , то чанд
Насими ғунчаи тасвир боядам бӯдан ?
зи остони қаноати қадам бурун нануҳум
зи зиндагонӣ агар сайр боядам будам
Ба пеши ҳамчуи худӣ чун камон нигарадам хам
Агар нишонаи сад тир боядам бӯдан
Висолро чаҳ кунам бо ҳиҷоб , кам доғӣ аст
Ки хушк дар қадаҳи шер боядам бӯдан ?
Нашуд зи бахти ҷавон чун гушоиши соиб
Муроқиби нафаси пер боядам бӯдан