Мабош дарсадад бешумор хандидан
Ки субҳи бохти нафас аз дубор хандидан
Дил аз гушоиши лабҳо чу писта накушояд
Хушаст аз таҳи дили ғунчаи вор хандидан
Яке ҳазор кунад нақди зиндагонӣ ро
Ба рӯй сӯхтагон чун шарор хандидан
Ҷаҳон ба чашми ҳасудон сиёҳ ме созад
Чу лола бо ҷигари доғдор хандидан
Дро ба олами сахтии кашон ва ъушрат кун
Ки рехтааст дарин кӯҳсор хандидан
Буд кушодани оғӯш дар видоъи ҳаёт
Дарин замонаи нопойдор хандидан
Фиреби ъушрат дунё махӯр ки бедардӣ аст
Бурун нарафта азин на ҳисор хандидан
Намӯд оби ақиқи турои ғуборолуд
зи зери лаб ба ман хоксор хандидан
Даҳони ғунчау чашми ситорау лаби субҳ
Гузоштанд ба он глъзор , хандидан
Хабар наёфта зи анҷоми кори худ соиб
з ғифлатаст дар оғози кор хандидан