Чунон ки серумаи савод назар кунад равшан

Марои назораи хати чашм тар кунад равшан

Ба нур ақл набардем раҳи зи худ берун

Магар ки ишқи чароғ дигар кунад равшан

Таъаммули оинаи пардози фикр нософ аст

Ки оби худ зи стодн гуҳар кунад равшан

Ба ҳеҷ ваҷҳ нагардад хамӯш , ҳар ки чу лаъл

Чароғи хеш ба хӯн ҷигар кунад равшан

Агар чаҳ оинаро об мекунад торик

Дили сиёҳи марои чашм тар кунад равшан

Чу офтоб намирад чароғи зиндаи дилӣ

Ки шамъи хеш ба оҳ саҳар кунад равшан

зи садҳазори писари ҳамчуи моҳи Мисри яке

Чунон шавад ки чароғ падар кун равшан

Ҳарифи партав миннат намешавад соиб

зи оҳи хонаи худро магар кунад равшан