Назар ба зулфу хати он биҳишт симо кун

Шикастаи қалами сунъро тамошо кун

Машав ғубори дили халқ чун китобати хушк

Ба аҳли ишқ дар айёми хат мудоро кун

Пиёла аз қадаҳи лола ме тавон кардан

Бигир гардани миноу рӯ ба саҳро кун

наме тавон дили сад чокро ба сӯзан дӯхт

Алоҷи рахнаи дилро ба дард саҳбо кун

Машав муқайяди ҳамроҳ агар чаҳ тавфиқ аст

Сафари ҷаридаи азин хокдон чу исо кун

Мис аз муомилаи кимиё зиён накунад

Вуҷӯди ноқиси худро ба ҳеҷ савдо кун

Хилофи нафаси калид дар биҳишт буд

Ба ҳар чаҳ нафас тавалло кунад тбро кун

Ҷамоли Юсуфӣ аз калаки сунъ май резад

Ҳамин ту дидаи Юсуфи шинос пайдо кун

Ба кӯҳи сабри тавон ҷону мавҷи ҳодисаи барад

Барои киштии худ лангарӣ муҳайё кун

Наҳанги ишқ ба ҳар чашма Эй наме гунҷад

зи коўкоўи дили хешро чу дарё кун

Баҳона ҷӯаст ҳаё дар ниқоби пӯшидан

Ба эҳтиёт ба рухсор ӯ назар во кун

Хумору ншأаҳи зи як чашма об ме нӯшанд

Ба дарду софи ҷаҳони синаро мусаффо кун

наме тавон ба қадами қатъи осмон ҳо кард

зи шавқ , болу парӣ чун насим пайдо кун

Ҳарифи обилаи дил наме шӯии соиб

зи тангнои садаф рӯй худ ба дарё кун