Ба обу гул чаҳ фурӯи рафтае назар во кун

Азин хароба чу сайлоби рӯ ба дарё кун

Мабош кам зи насими саҳари дарин гулзор

Ту ҳам ба хуши нафасии ғунчаи дилӣ во кун

Нагашта танги замони сафар , зи донаи ашк

Барои роҳи фанои тӯшае муҳайё кун

Дарин ду ҳафта ки абри баҳор дар гузараст

Ту низ домани умед чун садаф во кун

Машав чу хӯша ба як сари дарин чамани қонеъ

Бакӯшу чашму дили хеш ҳар ду бино кун

Ҳариф баҳр нагардад шиноварӣ , зинҳор

Нишаста дасти зи ҷон , дасти аҷз боло кун

Фикандааст турои дрбдри даҳони савол

Бабанд як дар ва сад дар ба рӯй худ во кун

зи санги хораи дами теғи зуди баргардад

Ба ҳар ки бо ту кунад душманӣ мудоро кун

Ҳамеша давр ба ком касе наме гардад

Ба хандаи ҳосили худ сарфи ҳамчу мино кун

наме тавон ба пар ақл шуд фалаки парвоз

зи ишқ , соиби болу парӣ муҳайё кун