Дамид субҳ , сар аз хоби бихўдии бркн

зи ашки гарм май оташин ба соғар кун

Машав чу қатраи шабнами гиреҳи дарин гулзор

Талоши суҳбати он офтоб анвар кун

Мабар ба кӯии хароботи дардисари зинҳор

зи хӯни дил май бедардисар ба соғар кун

Ба нури ақли раҳи давр ишқ натавон рафт

Чароғи оҳӣ азон рӯй оташини бркн

Ниқоби чеҳраи матлаби сиёҳ корӣ туаст

Ҳамин ту саъй кун ойӣнаро мунаввар кун

Машав чу авди зи хомӣ ба сӯхтани қонеъ

Сиррӣ чу шуълаи буруни зини баланд миҷмар кун

Бисоз бо дили равшани зи олами пуршӯр

Азин муҳӣти қаноат ба об гавҳар кун

Фишурдааст фалаки абрҳои эҳсон ро

Ба оби дидаи лаби хушки хешро тар кун

Гуҳари зи гирди ятемӣ гаронбаҳо гардид

зи хоки тираи дарин хобгоҳ бистар кун

зи ҳарфи ишқи неи калакро хамаш магузор

Ба ин фатилаи анбари ҷаҳон муаттар кун

Ҳар ончӣ бо ту наёяд ба хок , мол ту нест

зи дарду доғи дили хешро тавонгар кун

Ба хокмол ҳаводис бисоз зери фалак

Ба Асия натавон гуфт гирд камтар кун

зи шеъри ҳофизи Широз чун бипардозӣ

Ба гӯша Эй биншин шеъри соиб аз бар кун