Ба тан алоқа надорад равони содаи ман
Барандааст чу теғи оби истодаи ман
Маро ба шиша кунад чун сипеҳри миное ?
Ки хишт аз сар хам кунад ҷӯши бодаи ман
Кашокаши раги ҷони ман ихтиёрӣ нест
Чу мавҷ дар кафи дарё буд иродаи ман
Маро ба дониш расмӣ мабар зи роҳ , ки нест
Рақампазир чу ойӣнаи лавҳи содаи ман
Умед ҳаст кунад рости қади фитодаи чарх
Тараҳҳумаст ба тоқи дили аўФтодаҳи ман
Буд фузулии меҳмони зи мизбони Карим
Мтоб рӯй худ аз хоҳиши зиёдаи ман
Ҳарифи чини ҷабин ту нестам , варна
Камони сахти фалакҳо буд кбодаҳи ман
Бароварам ба дуо ҳар ки ҳоҷатӣ дорад
Ки файз субҳ диҳад ҷабҳаи кушодаи ман
наме тавон сухани паст дар каломам ёфт
Фалаки савор чу исо буд пиёдаи ман
зи тавбаи саркашии ман зиёда шуд соиб
Даранда кард саги нафасро қаллодаи ман