Ҳалоки ҷилва барқаст ошиёнаи ман
Бағал чу мавҷи кушояд ба сайли хонаи ман
Хароби ҳолеи азин бештар наме бошад
Ки ҷғди хона ҷудо мекунад зи хонаи ман
Сиёҳи мастии ман ранги баст афтода аст
Хумор субҳ надорад май шабонаи ман
зи баси гузидаи зи дилгирии ватан шуда ам
Забони мор буд хори ошиёнаи ман
Равонии сухани ман зи ҳам хаёлон нест
зи мавҷи хеш чу дарёст тозӣонаи ман
Чароғи давлати абри баҳори равшани бод !
Ки чун садафи зи гуҳари сохт обу донаи ман
Ба абри қатраи даҳуми сайл дар ивази гирам
зи харҷ , беш чу дарё шавад хазонаи ман
Марои зи хок ба андак таваҷҷӯҳӣ бурдор
Чу тир каҷ магзар рост аз нишонаи ман
зи гиря эй ки маро дар гулӯ гиреҳ гардад
Сипеҳр сифла кунад кам зи обу донаи ман
Гирифта буд ҷаҳонро фусурдагии соиб
Димоғи хушки ҷаҳон тар шуд аз таронаи ман