Шудааст дар ҳамаи олами смри ғарибии ман

Давидааст ба ҳар раҳгузари ғарибии ман

Чу офтоб ба танҳо рӯй баромада ам

Зиёда мешавад аз ҳамсафари ғарибии ман

наме тавон зи ғарибӣ ба гирд фикр расед

Агар ба фикр шавад ҳамсафари ғарибии ман

Шаванд дар ватани худ ғариб яксар халқ

Кунад ба аҳли ҷаҳонгар асари ғарибии ман

Дарин риёзи ман он шабнами замини гирам

Ки сӯхти лолаи рухонро ҷигари ғарибии ман

Ба лафзи маънии бегона ошно нашавад

Ба ҳоли хеш буд дар ҳзри ғарибии ман

наме тавон хабар аз ман гирифт чун анқо

Паридааст ба бол дигар ғарибии ман

Ҳамеша дар ватани худ ғариб ме будам

Чу офтоб нашуд дар бадари ғарибии ман

Хушам ба умри сбкрў ки мешавад охир

Ба ним чашм задан чун шарари ғарибии ман

Чу Кебеки сахтӣ айём нест бар ман бор

Шудааст шаҳрии кӯҳу камари ғарибии ман

Ду гӯшвора аршанд офариниш ро

Яке ятемии гавҳар , дигар ғарибии ман

Алоҷи ғурбати ман зин ҷаҳон наме ояд

Магар равад зи ҷаҳон дигар ғарибии ман

Хушам ба ёди шикархандаи ватан , варна

зи шоми ҳиҷр буд талхтар ғарибии ман

Ман он хаёли ғарибами дарин хароби обод

Ки ҳеҷ кас накунад раҳм бар ғарибии ман

зи бас ки талхӣ аз ихвон кашидаам соиб

Шавад зи ёди ватани бештари ғарибии ман