зи тан шукуфта равад ҷони содиқони берун
Ки тири рости ҷаҳди соф аз камони берун
Ҳузури хонаи худ муғтанами шумор ки тир
Ба зӯр меравад аз хонаи камони берун
Касе ки чашми гушоиши з бастагӣ дорад
Қадам чу дар нагузорад зи остони берун
Ба илтимосам агар Хизр бахшад оби ҳаёт
Ақиқи сабр наме орм аз даҳони берун
Тараҳҳумаст бар он ғунчаи гирифтаи ҷабин
Ки ношукуфта барандаш зи гулистони берун
Касеаст ошиқи икрнги гулистони соиб
Ки аз чаман наравад мавсими хазони берун