зи нақш чап равад оби сияҳ ба ҷӯии нигин
зи нақш рост нагардад сиёҳ рӯй нигин
Гуҳар агар чаҳ азизаст ҳар куҷо бошад
Буд ба хонаи худ беш обрӯии нигин
Баланди номии ғурбати зиёда аз ватан аст
Ки пушти нақш буд дар нигин ба рӯй нигин
Ниёзи худ набарди пеши ғайр , поки гуҳар
Буд ба оби рухи хештани вузӯии нигин
зи қурб , ризқ нагардад насиб бе қисмат
Ки ҳаст дар ҷигари оби хушк , ҷӯии нигин
Тавон ба заҳмат бисёр номдор шудан
Ки пушти хотам хам шуд ба ҷустуҷӯии нигин
зи бахт тира нтобанд номҷўён рӯй
Ки гардад аз сияҳии рости гуфтугӯии нигин
Хаёли лаъли ту ҳам меравад зи дили берун
Агар равад зи нигини хонаи орзӯии нигин
зи орзӯи дили мо сода мешавад соиб
Ба даст маҳв шавад нақш агар з рӯй нигин