Хӯн диласт бодаи глФоми ошиқон

Чун лолаи доғдор буд коми ошиқон

Гулбонги ошиқони зи сурайё гузашта аст

Гардун чигуна ҳалқа кунад номи ошиқон ?

Мавҷӣаст моҳи иди зи баҳри нишоти ишқ

Чун субҳдами шукуфта буд шоми ошиқон

Шуд зарраи зарраи соғари заррини офтоб

Дар айн гардишаст ҳамон ҷоми ошиқон

Ёқӯти ранги бохти зи сармои ҳодисот

Сурхаст ҳамчунон рухи глФоми ошиқон

Симурғи ақлро ба назари дрнёўрд

Ҳар ҷои бисот паҳн кунад доми ошиқон

Монанди доғи лолаи намояди сияҳи гилӣм

Хуршед бар саҳифаи айёми ошиқон

Ангушт зинҳор баровард зи оҳи гарм

Саҳрои маҳшар аз асари гоми ошиқон

Ишқ аз ҷавоби хушк тасаллӣ наме шавад

Равғани з рег мекашад иброми ошиқон

Соиб даҳон нишаста ба оташ чу офтоб

Зинҳор бар забон набарӣ номи ошиқон