Чарх мқўсаст турои хонаи камон

Бигузар чу тири рости зи кошонаи камон

Даст аз ситам бидор ки дар ҳар кушоди тир

Шеван баланд мешавад аз хонаи камон

Тан дар мада ба аҷз ки дар қабзаи ҷаҳон

Гардад кбодаҳ , нарм чу шуд шонаи камон

Магзар зи ҳарфи рост ки аз тири не буд

Вақти масофи наъраи шеронаи камон

Борони тир чун накунад хонаҳо хароб ?

Каз рӯй ӯст ҳолаи маи хонаи камон

Эмин машав зи хасм ки дар пушт кардан аст

Ҳангоми ҷанг , ҳамлаи мардонаи камон

Соиб накарда раси дили хешро чу тир

Зинҳори по бурун манеҳ аз хонаи камон