Гаштами ғубору ғайрати новирди ман ҳамон
Дар чашми хасм хок занад гирди ман ҳамон
Майхонаро ба оби расониди соғарам
Гул мекунад хазони зи рухи зарди ман ҳамон
Субҳи қиёмат аз таб хуршед шуд халос
Аз устихон бурун наравад дарди ман ҳамон
Дорам чу субҳ агар чаҳ ба бар офтоб ро
Хӯн метаровад аз нафаси сарди ман ҳамон
Бо баҳр агар чаҳ даст дар оғӯш карда аст
Чун мавҷ метапад дил бе дарди ман ҳамон
Соиб агар чаҳ кард баробари маро ба хок
Дорад сипеҳри дуни сари новирди ман ҳамон