Мижгон ӯ з санг кунад ҷӯии хӯни равон

Аз санги ин хаданг кунад ҷӯии хӯни равон

Он булбулам ки дидани бол шикаста ам

Аз чашми сахт санг кунад ҷӯии хӯни равон

Аз нохуни шикаста чаҳ ояд , ки ин гиреҳ

Алмосро з чанг кунад ҷӯии хӯни равон

Рухсор ӯ ду оташа чун гардад аз шароб

Ёқӯтро з ранг кунад ҷӯии хӯни равон

Зулфи мусалсали ту з бисёре гиреҳ

Шамшодро з чанг кунад ҷӯии хӯни равон

Бар ҳар замин ки бугзарад абрӯи камони ман

Бо қад чун хаданг кунад ҷӯии хӯни равон

Аз дидаи нзоргёни сарви нози ман

Аз рӯй лола ранг кунад ҷӯии хӯни равон

Дилҳои пинаи бастаи абнои рӯзгор

Аз нохун паланг кунад ҷӯии хӯни равон

Бо киштии шикастаи мо то чҳо кунад

Баҳрӣ ки аз наҳанг кунад ҷӯии хӯни равон

Фарёди дилхароши ту соиби з рӯй дард

Аз санг бедиранг кунад ҷӯии хӯни равон