Чанд эй дили ғамин ба мадорон гиристан ?

Айбаст қатраи қатраи зи дарё гиристан

Аз гиряи хӯшаҳои гуҳари чиди дасти ток

Дорад дарин ҳдиқаҳи самарҳо гиристан

Субҳи умед май дамад аз дидаи сифед

Дорад дар остини яди Байзо гиристан

Оради нафаси гусастаи буруни субҳи васл ро

Бо сӯзи дил чу шамъ ба шабҳо гиристан

Аз оҳ ҳасратаст агар ҳаст сайқалӣ

Онро ки дил сиёҳ шуд аз ногиристан

Кори дили шикастаи пари хӯни ман буд

Чун шишаи шикастаи саропо гиристан

Ин об аз фишурдан дил мешавад равон

Ҳосил намешавад ба таманно , гиристан

Резиш сифед мекунад абри сиёҳ ро

Равшан шавад дил аз дили шабҳо гиристан

Бар истиқомати назар шамъ шоҳидаст

Яксон ба суру мотами дунё гиристан

Бо ашки улфатӣ ки буд дидаи маро

Тифли ятемро набӯд бо гиристан

Гулгуни ашк , ташнаи майдон вусъат аст

Маҷнӯни сифат хушаст ба саҳро гиристан

Бар фӯти вақти ҳам бФшони як ду қатраи ашк

То кӣ ба фӯти матлаби дунё гиристан ?

Баъд аз ҳазор саъй ки бепарда шуд Рахш

Шуд дидаро ҳиҷоби тамошо гиристан

Шӯридагар чунин шавад авзоъи рӯзгор

Бояд ба ҳоли мардуми дунё гиристан

Афсӯси ҷони пок бар ин ҷисм бе сабот

Бар марги хар буд зи масеҳо гиристан

Бахташ ҳамеша сабз буд , ҳар киро буд

Дар остин чу шамъи муҳайё гиристан

Занги ҳаваси зи оинаи дил наме барад

Аз чашми серумаи дори Зулайхо гиристан

Бедахл мушкиласт карам , варна абр ро

Саҳласт бо захираи дарё гиристан

Нам дар дил муҳӣт намонад , агар маро

Бояд ба қадари хандаи биҷо гиристан

Шуд шамъро далел ба парвонаи наҷот

Хомаш ба рӯз бӯдан ва шабҳо гиристан

Аз чашми захм , гавҳари худро нуҳуфтан аст

Пинҳони шукуфта бӯдану пайдо гиристан

Чун гиряаст оқибат ҳар шукуфтагӣ

Бо хандаи ҷамъи соз чу мино гиристан

Сад перҳани арақи з хиҷолат кунем рӯз

Соиби шабӣ ки фӯт шуд аз мо гиристан