Хокам ба чашм дар нигаҳ вопасин мазан

Зинҳор бар чароғи саҳар остин мазан

Афтодаро дубора фикандан камол нест

Онро ки хоки роҳ ту шуд бар замин мазан

Кофӣаст баҳр сӯхтанам як нигоҳи гарм

Оташ ба ҷонам аз сухан оташин мазан

Бигзор чашми фитнаи хобидаро ба хоб

Нохун ба доғи сина андӯҳгин мазан

Инсоф нест оя раҳмат шавад азоб

Чинӣ ки ҳақи зулф буд бар ҷабин мазан

Чун шиша тўтё шавад аз санг фориғ аст

Бар санги хораи шишаи мо беш азин мазан

Хоҳӣ ки гирад аз ту сипеҳри барин ҳисоб

Зинҳори ношимурдаи қадам бар замин мазан

Соиб ба гӯшаи дили худ то тавон хазид

Зинҳори ҳалқа бар дар хулд барин мазан