Соқӣ дамид субҳ , алоҷ хумор кун
Хуршедро зи пардаи шаб ошкор кун
Ранг шикаста мешаканд шиша дар ҷигар
Аз май хазони чеҳраи моро баҳор кун
Файзи сабӯҳи по ба рикобаст , зинҳор
Ин сайлро ба ратли гарон пойдор кун
Шарм аз ҳузури мурдаи дилони ҷаҳони мадор
Ин қавмро тасаввури санг мазор кун
Гавҳар агар чаҳ лангар дарё наме шавад
Паймонае ба кори ман беқарор кун
Дарди пиёлае ба гиребони хоки рез
Сангу суфолро чу атиқ обдор кун
Худро шукуфтаи дор ба ҳар ҳолатӣ ки ҳаст
Хӯнӣ ки май хурӣ ба дил рӯзгор кун
Мапаснд шамъи давлати бедорро хамӯш
Хоки сияҳ ба косаи хоб хумор кун
Ҳар чанд захм мечакад аз теғи рӯзгор
Ин дардро даво ба мехушгувор кун
Шабнам зиён накард зи савдои офтоб
Дар пои ёри гавҳари ҷонро нисор кун
То аз миёни кори туоне хабар гирифт
Чун мавҷи азин муҳӣти талош канор кун
Даст гуҳар фишон ба самар зуд ме расад
Чун шохи пари шукуфаи зари худ нисор кун
Дандони хомшӣ ба ҷигар чун садафи гузор
Домони худ пар аз гуҳар шоҳвор кун
Ғофил машав зи пардаи найранги рӯзгор
Сайри хазон дар оина навбаҳор кун
То кӣ тавон ба маслиҳати ақл кор кард ?
Як чанд ҳам ба маслиҳати ишқ кор кун
Ҳасани азал ба қадари сафо ҷилва ме кунад
То мумкинаст оинаро беғубор кун
Мағз аз насими сӯхтагӣ тоза ме шавад
Соиби шабӣ ба рӯзи дарин лола зор кун