ё ҳалқаи иродати соғар ба гӯш кун
ё оқилонаи тарк дар мефуруш кун
Чун май дарин ду ҳафта ки маҳбӯси ин хамӣ
Срҷўши зиндагонии худ сарф ҷӯш кун
Бисёр нозукаст суханҳои ошиқон
Бигзор гӯшроу саранҷом ҳуш кун
Чун субҳ дар пиёлаи заррини офтоб
Хунобае ки медиҳад айём нӯш кун
Аз бе қарории ту ҷаҳонаст пари хурӯш
Ин баҳрро ба лангар тамкин хамӯш кун
Зон пештар ки харҷ кунад гуфтугӯи туро
Паҳлуи тиҳии зи суҳбати ин худфуруш кун
Аз рӯй талх туаст чунин марги ногувор
Ин заҳрро ба ҷабҳаи вокрдаҳ нӯш кун
Васли гул аз таронаи шаб андалеб ёфт
Зинҳор дар кмингаҳи шабҳо хурӯш кун
Аз нофа ме тавон ба ғизол хутан расед
Ҷонро фидои мардуми пашмина пӯш кун
Соқӣ сабӯҳ карда з мехон ме расад
Соиби видоъи сабру дилу ақл ва ҳуш кун