Дил аз гуноҳи пок чу доруссалом кун

Хоки сиёҳ бар сари мино ва ҷом кун

Чун барқ , завқи бода буд пой дар рикоб

Айши мудоми хоҳӣ , тарк мудом кун

Хоҳӣ чу шуълаи чашму чароғи ҷаҳони шӯй

Дар пеши пой ҳар хасу хорӣ қиём кун

Оби ҳаёт дар зулмотаст , зинҳор

Монанди шамъ дар дили шабҳо қиём кун

Чун сарви по ба доман озодагӣ бикаш

Онгоҳ дар биҳишти фароғат хиром кун

Дар зери зулфи яъс буд чеҳраи умед

Ҳар ҷои дилат фурӯд наёяд мақом кун

Оби ҳаёти давлат фонӣаст номи нек

Ин давлати ду рӯзаи худ мустадом кун

Ҳар чанд нола ту кунад донаро сапанд

эй мурғи хуши наво , ҳазар аз чашм дом кун

Мо хӯни гарми хеши ҳалол ту карда ем

Хоҳӣ ба шишаи афкану хоҳӣ ба ҷом кун

Базми шароб , бе мазаи бӯса ноқис аст

Пеши ойу айши ноқиси моро тамом кун

Хоҳӣ ки бар рухи ту дар файз во шавад

Чун соиби иқтидо ба ҳадис ва калом кун