Ғайрат куну з оҳ барафрӯз шамъи хеш
Дарюзаи фурӯғи зи шамс ва қамар макун
Хоҳӣ ки чун шукуфаи азин боғи брхўрӣ
Бо хоки раҳи музоиқаи сим ва зар макун
Пои ҳинои гирифта ба ҷое наме расад
Аз худ бурун наёмада азм сафар макун
То дидаи ?ути зи нури яқини ғайбат байн шавад
Дар айби мардуму ҳунари худ назар макун
Ин он ғазал ки аҳлии ширин калом гуфт
Май дар пиёлаи навбати ман бештар макун
Дар корзори ишқи ҳадис ҷигар макун
Бо теғи офтоби зи шабнам сипар макун
Бе бодбони сафина ба соҳил наме расад
Зинҳори тарки нолау оҳ саҳар макун
Ҷӯши баҳори обила дар хор баста аст
эй сусти раг , мулоҳиза аз нештар макун
Хӯнро нишастааст ба хӯни ҳеҷ содаи дил
Май дар пиёлаи ман хунин ҷигар макун
Аз моҷарои пашшау намруди панди гир
Дар ҳеҷ душманӣ ба ҳақорат назар макун
Гар оҳи сардӣ аз ҷигар ӣнҷо кашида Эй
Аз оФтобрўии қиёмат ҳазар макун