Арзи сафо ба аҳл ҳунар мекунӣ макун

Пеш кулем даст бадар мекунӣ макун

Сидқ азиматаст далели раҳи талаб

Ту сусти азм , азм дигар мекунӣ макун

Қатъи раҳи талаб ба таъаммул наме шавад

Дар пеши пои хеш назар мекунӣ макун

Чун сайл , бе мулоҳизагии Хизри ин раҳ аст

Ин роҳро ба қоида сар мекунӣ макун

Фикру хаёли муҳаррами ин шоҳроҳ нест

Ҳар дами хаёл ( ва ) фикр дигар мекунӣ макун

Бе ҷазбаи офтоби далелат агар шавад

Аз худ сафар ба нур шарар мекунӣ макун

Дар раҳи шиканҷае бтар аз кафш танг нест

Бо хуии бади ҳавоӣ сафар мекунӣ макун

Дар қулзумӣ ки икҷҳтон дам наме зананд

Ҳар дам задани ҳавоӣ дигар мекунӣ макун

Озодагон чу сарв ба як ҷома қонеъанд

Ҳар рӯзи як либос ба бар мекунӣ макун

Аз рашки ишқ , ғайрат ҳасанаст бештар

Дар моҳу офтоб назар мекунӣ макун

Акнӯн ки барад бехабарӣ ҳар чаҳ доштем

Моро зи ҳоли хеш хабар мекунӣ макун

Поси шикваи фақру қаноати нигоҳи дор

Дар пеши ганҷ , даст ба зар мекунӣ макун

Соиби яке зи ҳалқа ба гӯашон зулф туаст

ӯро назар ба чашм дигар мекунӣ макун