Дар бихўдии гузашти замони шабоби ман

Шуд пардаи дори давлати бедори хоби ман

Нагузошт об дар ҷигарами ишқи хонаи сӯз

Беашк шуд зи тундии оташи кабоби ман

Нисбат ба шӯри ман раг хобӣаст гирдбод

Саҳро ба гирд меравад аз изтироби ман

Ҳаргиз наме барам ба хароботи дардисар

Аз коса сараст чу филони шароби ман

Дармонда нуҳуфтани розам ки май пурд

Чун номаҳои рӯзи қиёмати ниқоби ман

Он гавҳарам ки киштии тӯфон расида аст

Ганҷинаи муқарнаси гардуни зи оби ман

Монанди сарви пои фишурдами дарин чаман

Ҳар чанд тавқ фохтагон шуд рикоби ман

Чун гули хумори ханда ширин кашида ам

Аз айши талх шиква надорад гулоби ман

Хати абр раҳматаст гулистони ҳасан ро

Бар рӯй хеши теғи макаши офтоби ман

Чун моҳи нави ҳамон зи тавозуъи ду то шавам

Гар на сипеҳр бӯса занад бар рикоби ман

Ҷамъиятӣ ки аз дили вайрон ба ман расед

Саҳласт ганҷ агар талабанд аз хароби ман

Аз нолаи шиша дар ҷигари санги бишиканад

Чун косаи тиҳии лаби ҳозири ҷавоби ман

Соиби бурун наме рӯм аз фикри он ғизол

Чин кардани каманд буд печу тоби ман