Дар коса сипеҳр кунад хоки гирди ман
Раҳмаст бар касе ки шавад ҳам набарди ман
Дар шҳрбнди офият аз хоксорем
Девор мекашад ба раҳи сайли гирди ман
Бе ихтиёри об равон мекунад зи чашм
Чун офтоб дидани рухсори зарди ман
Як нуқтааст ашк дар маҷмӯъаи ғамам
Як мисрааст оҳи зи девони дарди ман
Гирди ятемӣ аз гуҳарам гарчи ме чакад
Бар ҳеҷ хотирӣ нанашастааст гирди ман
Қисмат чу абри гирди ҷаҳон май дўондм
То аз кадоми баҳр буд обхўрди ман
Ҳар чанд пояи ту баланд аўФтодаҳ аст
Ғофил машав зи нолаи гардуни наварди ман
Нуқсон намекунад касе аз дастгирем
Поиши фурӯ ба ганҷ равад поимрди ман
Соиби з мемаро натавон лолаи ранги сохт
Чун шуълаи ранги баст буд рӯй зарди ман