Ҳамчашм обилааст дили ашкбори ман

Дар парда диласт гиреҳи навбаҳори ман

Киштӣ дар оби гавҳари ман кор ме кунад

Дарё тараст аз гуҳари обдори ман

Аз поки гавҳарӣ чу садаф дар дили муҳӣт

Гаҳвора Эйаст баҳри ятемони канори ман

Аз заъф нест хостнш чун хати ғубор

Бар сафҳаи дилӣ ки нишинад ғубори ман

Дорад нишот рӯй замин дар канори баҳр

Аз гирд бе касе гуҳари шоҳвори ман

Чун ҳарфи давр азон лаб мегаван фитода ам

Майхонаҳо камаст барои хумори ман

Чун гирдбод , болу пари сайр ман шавад

Хорӣ ки срброўрд аз раҳгузори ман

Аз сояи тухми сӯхтаро сабз ме кунад

Сарвӣ ки қад кашад ба лаби ҷӯйбори ман

Дар роҳ абр нест марои чашми интизор

Чун анбараст аз нафаси худ баҳори ман

Осӯда аз харобии сайлоб фитна ам

Ҳамворӣ манаст чу саҳрои ҳисори ман

Ҳар водӣӣ ки ояд азуи буии хӯн , буд

Аз ваҳшати канораи талаби лолаи зори ман

Бар сафҳаи замини асар аз кӯҳ ғам намонад

То орамида гашти дил бе қарори ман

Хуршед чун ҳилол шавад пой дар рикоб

Чун пой дар рикоб кунад шаҳсавори ман

Дил мехӯрд зи қаҳти харидор , ъмрҳост

Дар синаи садафи гуҳари шоҳвори ман

Соиби марои назар ба хазон ва баҳор нест

Бар як қарор ҷӯш занад чашмасор ман