Доим ба як қарор буд мушти хори ман

Чун ошён хушаст хазону баҳори ман

Гирди ятемии гуҳари офаринишам

Бар ҳеҷ дида бор набошад ғубори ман

Аз абр , тухми сӯхтаи афсурда тар шавад

Марҳам чаҳ мекунад ҷигари доғдори ман

Бар рӯй ҳам гузоштаам даст чун садаф

Гавҳар шавад ятеми зи ҷайбу канори ман

Чун уқдаҳои обила аз поки гавҳарӣ

Мавқуфи захми хор буд навбаҳори ман

Хобам буд ба давлати бедори ҳамАннан

Бар роҳи Кебек ханда занад кӯҳсори ман

Киштӣ дар оби гавҳари ман кор ме кунад

Дарё тараст аз гуҳари обдори ман

Соиби маро ба боғу баҳор эҳтиёҷ нест

Боғу баҳори ман буд аз хорхори ман