Чун тухм сӯхтааст зи савдои димоғи ман
Каз абр навбаҳор шавад тозаи доғи ман
Миннат кунад сиёҳ , дили равшани маро
Даст ҳимоятаст нафас бар чароғи ман
Аз хирқаи доғҳои маро ме тавон шимурд
Девор нест монеъи гулгашти боғи ман
Маҷнӯни ман зи васл либосӣаст бе ниёз
Варна сиёҳи хайма Лайлӣаст доғи ман
Навмед чун зи тавбаи сангин худ шавам ?
Каз санги ҳамчу лола барояд аёғи ман
Аз бӯстон ба барги хазони дидае хушам
Тар мешавад ба номаи хушкии димоғи ман
Занг аз дилам ба бода гулгун наме равад
Доим чу лолаи зер сиёҳӣаст доғи ман
Ширини лабон ба рухсати ман об ме хуранд
Мироби ҷӯии шер буд снгдоғи ман
Гар оби зиндагии иваз май ба ман диҳанд
Чун лолаи хӯн мурда шавад дар аёғи ман
Аз хеши рафтаро натавон нақш пой ёфт
Саргаштаи он касе ки буд дар суроғи ман
Соиб гузаштаам зи сари хеши ъмрҳост
Бар худ зи бод субҳ наларзад чароғи ман