Мавқуфи инқитоъ буд иттисоли ман

Аз худ гусастанаст каманди ғизоли ман

Чун соз , гӯшмоли маро соз ме кунад

Дар тарки гӯшмол буд гӯшмоли ман

Обӣ ки нест дар ҷигарам мекунад сиблат

Райҳон ҳамеша тоза буд дар суфоли ман

Дар рӯзи ҳашари шаста буд пок , нома ҳо

Гар нам бурун диҳад арақи инфеъоли ман

Сиришта хаёли ман аз хоби нгслд

Раҳмаст бар касе ки шавад ҳам хаёли ман

Бар гавҳарами ғубори ятемӣ фузун шавад

Чандон ки чарх беш диҳад хокмоли ман

Аз ман Фроғболи дарин бӯстони мҷу

Каз нақш , сабзаи таҳ сангаст боли ман

Бо сад ҳазор уқда чу сарвами кушода рӯй

Кулуфт мерасад ба касе аз малоли ман

Соиб чу мори срздаҳи печам ба хештан

Мӯрӣ агар ба саҳв шавад поймоли ман