Дил май баради зи қанди мукаррари каломи ман

Не мекунад ба нохуни шукри каломи ман

Дар қатъи раҳи зи ҷодӯ буд Хизр бе ниёз

Аз ростӣ ғанӣаст зи мстри каломи ман

Дар гуфтугӯии нозук ман нест кӯтаҳӣ

Аз мад монавӣаст расотар каломи ман

Дар як нафаси зи Миср ба канъон кунад нузул

Чун буи Юсуфаст сабки пари каломи ман

Як рӯз ( ҳ ) чун кабӯтар Бағдод ме равад

Аз бохтар ба кишвари ховари каломи ман

Аз гӯши пештар ба дил мустамеъ расад

Аз дилпазире ки буд дар каломи ман

Аз халқ дар ҳиҷоби сиёҳӣ наҳуфта нест

Аз об зиндагӣаст равонтар каломи ман

Сувар қиёматаст марои калаки хуши срир

Дорад намаки зи шӯриши маҳшари каломи ман

Коғази ҳарифи оташ сӯзон наме шавад

Дафтар кунад зи боли самандари каломи ман

Бар санг мезананд зи дилҳои ҳамчуи санг

Ҳар чанд қӣматӣаст чу гавҳари каломи ман

Аз мадҳу ҳаҷву ҳазлу тамаъ шастаам варақ

Панд ва насиҳатаст саросари каломи ман

Нисбат ба фикрҳои қдидш макун ки ҳаст

Аз тозагии чакидаи кавсари каломи ман

Андешааш зи нохуни иأҷўҷ дахл нест

Бошад матин чу сади Сикандари каломи ман

Чун мори по ба роҳ наад кушта ме шавад

Ангушт эътироз манеҳ бар каломи ман

Гардид хушки ҳамчуи садафи пӯст бар танам

То гашти обдор чу гавҳари каломи ман

Як нуқтаи хурдаи байни натавонад ба саҳв ёфт

Ҳар чанд печ ва тоб занад дар каломи ман

эй вомсибтоаҳ ки шуд харҷи мурдагон

Чун ҳофизи мазори саросари каломи ман

Соиб чу офтоби зи дил то нафас кашид

Офоқро гирифт саросари каломи ман