Аз дастбурди нолаи оташи забони ман

Чун ҷӯии шер , об шудааст устихони ман

То даст май занӣ ба ҳам , аз даст рафта ам

Бар бодпоӣ гирд савораст ҷони ман

Гулчин ба ҷои гули кафи афсӯс май барад

Аз боғу бӯстон ҳамеша хазони ман

Ангушт агар шавад хасу хошоки ин чаман

Натавон сухан чу ғунча кашид аз забони ман

Зарроти рӯзгор буд хӯшаи чини маро

Гармаст азон чу меҳри ҷҳонтоби нони ман

Аз бонги сувар , лиззати афсона май барад

Дармондааст ҳашар ба хоби гарони ман

Тир аз танам чу мӯӣ бурун ояд аз хамир

Аз санги бас ки нарм шудааст устихони ман

Ёрб чаҳ кардаам , ки ду манзил яке кунад

Гирди касодӣ аз ақаби корвони ман

Чун ғунчаи садҳазори хаму печ хӯрда аст

Дар тангноӣ меҳр хамӯшӣ забони ман

Аз хорхори синаи марои ошён бас аст

Гӯи барқ ҳодисот бисӯз ошёни ман

Аз мавҷи гиряи домӣ дар хок карда аст

Дар ҳар гули замини мижа хӯн фишон ман

То лаъли оташини туро бӯса дода ам

Чун лола сӯхтааст зи дил то забони ман

Покаст ҳамчуи хонаи ойӣна , хона ам

Рози ниҳон буд гули боғи аёни ман

Соиби ҳазор ҳайф ки дар рӯзгор нест

Як аҳли дил ки фаҳми намояди забони ман