Афшони хол бар рухи он дилрабо бибин
Дар рӯз агар ситора надидӣ биё бибин
Бо ғайри илтифоти намояд ба рағми ман
Дар муддаӣ назар кун ва дар муддао бибин
Беморро чу пурсиши бемор расм нест
Гоҳе ба чашми хештан аз чашм мо бибин
То кӣ тавон ба мардум бегона шуд тараф ?
Гоҳе ба саҳви ҳам тараф ошно бибин
Бо қомати ту сарв ба даъвӣ баромада аст
Таркибро назар куну андомро бибин !
Соиби ҳарифи оҳи надомат наме шӯй
Дар ибтидо ба оқибат корҳо бибин