Он чашми масту ғамзаи ҳушёрро бибин
Дар айни хоб , давлати бедорро бибин
Субҳи умед дар дили шабгар надида Эй
Дар зери зулфи чеҳраи умедро бибин
Чашм аз даҳони хуши сухани ёри брмдор
Ганҷинаи ҷавоҳири асрорро бибин
Худбинӣ аз назораи ҷонон ҳиҷоб туаст
Чашм аз худӣ бапуш ( ва ) рухи ёрро бибин
Даврони айши баста ба оромиш дил аст
Бар гирди нуқтаи гардиши паргорро бибин
Борӣки шӯ чу риштаи дарин бутаи гудоз
Дар қатраи сайри баҳри гуҳарборро бибин
Олами сияҳ ба чашми ту аз хоб ғифлат аст
Бигушоӣ чашм , олами анворро бибин
Бо ботилон магӯӣ чу Мансури ҳарфи ҳақ
Хунини зи ҳарфи рости сари дорро бибин
Аз ҷамъи сим ва зар нашавад орамида ҳирс
Бар рӯй ганҷ , печу хами морро бибин
Аз роҳи ҳарфи мӯри сулаймон шинос шуд
эй хуши сухани натиҷаи гуфторро бибин
Ҷинси ту дар дукони зи гарони қӣматӣ ба ҷост
Башикан баҳоии хеш , харидорро бибин
Шаби хӯн мурдааст ба чашми сияҳи дилон
Дил соф кун сафои шаби торро бибин
Аўтод дар мақоми рзоинди устувор
Дар зери теғ , лангари кҳсорро бибин
Соиби назар ба рӯй ърқнок ёр кун
Дар офтоб , абри гуҳарборро бибин