Ҳайрат задагонро нашавад хоби парешон
Дар соғар гавҳар нашавад оби парешон
Обӣаст ки ойӣнаи райҳон биҳишт аст
Аз фикри ту онро ки шавад хоби парешон
Дар доираи моҳи ҳамон парда нишин аст
Ҳар чанд шавад партави маҳтоби парешон
Бо ваҳдати партав чаҳ кунад касрати равзан ?
Дар теғи з ҷавҳар нашавад оби парешон
Чун оина каз нақш , парешон шавадаш хоб
Дили гашти зи ҷамъияти асбоби парешон
Дар перҳан баҳр шавад гирди ятемӣ
Хокӣ ки шавад дар раҳи сайлоби парешон
Мо дар чаҳ шуморем , ки дарё шуда аз мавҷ
Дар ҷустан он гавҳар ноёб парешон
Зинҳори мадаи роҳ ба дили айши ҷаҳон ро
Каз ханда шавад ғунчаи сероби парешон
Соиб нашавад ҷамъ ба шерозаи маҳшар
Ҳар дил ки шуд аз даврии аҳбоби парешон