Сайлоб ҳавосаст назарҳои парешон
Тухм нигаронӣаст хабарҳои парешон
Чун донаи тасбеҳ буд риштаи улфат
Шерозаи ҷамъияти сарҳои парешон
Доғӣаст ба ҳар пораи дили ман зи нигорӣ
Чун сикка ҳар шаҳр ба зарҳои парешон
Дорам зи хаёли сари зулфи ту димоғӣ
Ошуфтатар аз зулфи хабарҳои парешон
Чун новаки бозичаи атфоли дарин дашт
То чанд тавон кард сафарҳои парешон ?
Афсӯс ки чун оина аз бехабарӣ , шуд
Бенаии мо сарфи назарҳои парешон
Соиб машав ошуфтаи зи ҷамъияти ашрор
Як лаҳза буд умри шарарҳои парешон