Аз реги тавон равғани бодом гирифтан
Натавон зи хасисони ҷаҳони ком гирифтан
Аз бас ки фитодааст латифи он лаби нозук
Зулмаст азуи бӯса ба пайғом гирифтан
Бӯсӣ ки зи кунҷи лаб соқӣ нагирифтам
Май боядам акнӯн зи лаби ҷом гирифтан
Аз васли ним шод ки аз оҳӯии ваҳшӣ
Тамҳид рамидан буд ором гирифтан
Бо сидқ азимат набӯд роҳила дар кор
Дар каъба раседем ба эҳром гирифтан
Чун даст барорам ба гирифтан , ки зи ғайрат
Бораст ба ман ибрат аз айём гирифтан
Аз ном гузар кун ки кунад рӯй сиёҳат
Аз содаи дилии ҳамчуи нигини ном гирифтан
Соиби зи фалаки ком гирифтан ба тамаллуқ
Аз мардуми навкиса буд вом гирифтан