Дар ишқ агар содиқӣ аз қурб ҳазар кун

Чун оина аз даври қаноат ба назар кун

Зон чеҳра каз ӯ ҷой арақ мечакад оташ

Дар кори ман сӯхтаи дили ним шарар кун

Зон чоҳи занхдон ки пар аз об ҳаёт аст

Як қатраи аноят ба ман ташна ҷигар кун

Дил боз намеояд азон зулфи диловез

Зон ёри сФркрдаҳи қаноат ба хабар кун

Манимоӣ ба кӯтаҳи назарони чеҳраи худ ро

Аз оҳи ман эй оинаи рухсор ҳазар кун

Бо тираи дилии чеҳра матлаб натавон дид

Ин оинаро сайқалӣ аз оҳ саҳар кун

Таслим буд ҷавшани Довӯдии офот

Дар раҳгузари тири қазои сина сипар кун

Лангар натавон кард дарин олами пуршӯр

Чун мавҷи азин баҳри пурошӯб гузар кун

Чун сарв агар аз ҷумлаи озодаи равонӣ

Бо бори дили хеши қаноати з самар кун

Ҳар чанд зи мо ҳечкасон кор наёяд

Корӣ ки ба ҳиммат равад аз пеш , хабар кун

Беришта маҳоласт ки гулдаста шавад ҷамъ

Шерозаи авроқи дил аз оҳ саҳар кун

Шояд ки ба он гавҳар ноёб барии роҳ

Як чанд зи сари пои дарин баҳр хатар кун

Соиб чу садафгар лаби дарюзаи гушойӣ

Ҳоҷати талаб аз мардуми покиза гуҳар кун