Лаби тишнагӣ ҳирс надорад ҷигари ман

Хушк аз қадаҳ шер барояд шукри ман

Дар машраби ҷони сахтии ман ратл гарон аст

Ҳар санг ки аз ҳодиса ояд ба сари ман

Аз машриқи мағриби гули хуршеди баромад

Дар хоб баҳораст насими саҳари ман

Чун реги равони манзили ман по ба рикоб аст

Ҳар суст аноне нашавад ҳамсафари ман

Дар хона ва саҳрост ба лутфи ту умедам

эй хонаи нигаҳдори ману ҳамсафари ман

Зон захми намоён ки зи теғи ту рабӯдам

Афтод хиёбони биҳишт аз назари ман

Дар ҳасрати як мисра парвоз баландаст

Маҷмӯъа барҳам зада болу пари ман

Мактуби вафо дар бағалам занг баровард

Дар байза анқост магари нома бар ман ?

Соиби манам имрӯз ки дар на садафи чарх

Пайдо натавон кард касе ҳам гуҳари ман