Дорад матоъи Юсуф дар ҳар гузари сафоҳон
Имрӯзи хуши қумошӣ хатмаст бар сафоҳон
Чун дилбарони нўхт ҳар рӯз ме фазояд
Бар дастгоҳи хӯбии ҳасан дигар сафоҳон
Равшан шавад назарҳо аз дидани саводаш
Дорад чу серумаи ҳақӣ бар ҳар назари сафоҳон
Ҳамчун дарахти тӯбо аз эътидоли мавсим
Дар чор фасл бошад соҳиби самари сафоҳон
Чун чашми хубрӯён аз гирд серума дорад
Ташрифи хоксории доим ба бар сафоҳон
Аз гирди кулуфт ва ғам шастанд дасти дилҳо
Рӯзӣ ки бар миёни баст аз пули камари сафоҳон
Дар зулмати саводаши оби ҳаёт дарҷ аст
Дар вақт шом дорад файзи саҳари сафоҳон
Бар ҷилваи зуҳӯраш тангаст осмон ҳо
Дар ҳар садаф нагунҷад ҳамчун гуҳари сафоҳон
Паҳлу зад ба ҳиммати хокаши зи сарбаландӣ
Зон сӯй осмонҳо дорад хабари сафоҳон
Аз сиҳҳати ҳавояши соиб наметавон ёфт
Ҷузи чашми хубрӯёни бемор дар сафоҳон