эй хатати раҳнамои сӯхтагон
Лаби лаълати давои сӯхтагон
Хоб махмал шавад зи ҳамворӣ
Хор дар зери пои сӯхтагон
намекунад оби талх , кори гулоб
Дар мақоми ризои сӯхтагон
Дили ойӣнаро диҳад пардоз
Чеҳра бо сафои сӯхтагон
Мижаи офтоб май сӯзад
Аз фурӯғи лақои сӯхтагон
Коҳро мекунад зи донаи ҷудо
Рух чун каҳрабои сӯхтагон
Нақш умед мезанад бар пой ( кзо )
Муваҷҷаҳи бӯрёии сӯхтагон
Барнагардад зи остони асар
Дасти холӣ , дуои сӯхтагон
Холи рухсораи қабул буд
Тоъат бе риёии сӯхтагон