Гӯшаи он ниқобро башикан
Варақи интихобро башикан
Дили золими шикаста май бояд
Зулфи пари печу тобро башикан
Дар дили шаб ба чашми мунтазирон
Рўзбозори хобро башикан
Дил беишқро ба давр андоз
Шиша бешаробро башикан
Бирав эй ашк ва бар сари дарё
Байзаҳои ҳубобро башикан
Чун савол аз дилат кунад соиб
Дар лаби худ ҷавобро башикан