Ман ки дар фирдавси афтодам ба нақд аз ёд ӯ

Бениёзам аз таманнои биҳишти обод ӯ

Аз сари куну макон озод бархезад чу сарв

Бар сар ҳар кас ки уфтад сояи шамшод ӯ

Рутбаи бедод ӯ болотрст аз илтифот

Вой бар он кас ки дорад шиква аз бедод ӯ

Одами мискин ба як хомӣ ки дар фирдавс кард

Чок шуд чун донаи гандуми дили авлод ӯ

наметавонад дод соиби осмонро хокмол

Ҳар киро бар кӯҳ бошад пушт аз имдод ӯ